Журналист баъд аз ду моҳи лату кӯб даргузашт
Игор Ларра, хабарнигори 42-солаи нашрияи мустақили “Свобода Слова” ё «Озодии баён»-т Қазоқистон, ки моҳи августи соли равон аз сӯи афроди ношинос мавриди ҳамла қарор гирифт, даргузаштааст.
Ба қавли наздикон Игор шоми якшанбе дар шӯъбаи эҳёгарии беморхонаи ёрии таъҷилӣ ки ду ҳафта қабл бистарӣ шуда буд, ҷон ба ҷонофарин супурдааст.
Игор Ларра моҳи август аз суи афроди номаълум мавриди ҳамла қарор гирифт. Пулис ин ҳамларо ба фаъолияти хабарнигории ӯ марбут надонист, аммо худи Ларра гуфта буд, шояд барои гузоришҳои танқидӣ дар бораи волии минтақаи Оқтеппа шояд лату куб шудааст.
Баъди чанд рӯзи ин ҳодиса пулис аз боздошти як гумонбар хабар дод. “Боздоштшуда 27-сол дошта, қаблан низ барои амали мушобеҳ аз озодӣ маҳрум шудааст. Ӯ гуфта, ки шаби 21-уми август ҳамроҳ бо чор ошнояш пиво менушид. Дар ҳамин вақт як марди тақрибан 40-сола аз бинои бисёрқабатае берун мешавад ва ӯ пешниҳод мекунад, ки вайро ғорат намоянд. Баъдан гумонбарон ӯро лату куб намуда, ҷайбҳояшро мекобанд”,-гуфта буд Раёсати умури дохилии шаҳри Актоб.