Бародаршаҳрҳои пойтахти Туркманистон дар ИМА мизбони Рӯзҳои фарҳангӣ мешаванд
Аз 2 то 6-уми декабр дар ИМА Рӯзҳои фарҳангии Туркманистон баргузор мешавад.
Ба навиштаи Turkmenistan.ru, ин чорабинӣ дар шаҳрҳои Вашингтон, Ню-Йорк ва Албукерк, ки бо Ашхобод бародаршаҳранд, гузаронда мешавад. Ҳайати Туркманистон аз 80 намояндаи бахши фарҳангу санъат иборат мебошад.
Ба иттилои манбаъ, дар доираи Рӯзҳои фарҳангии Туркманистон дар ИМА конфронси илмӣ-амалӣ бахшида ба 290-солагии Махтумқулӣ Фраги доир мегардад. Дар он маҷмуаи шеърҳои ин шоири тавонои туркман, ки бо англисӣ тарҷума шудаанд, муаррифӣ шуда, ҳамчунин намоиши филми бадеӣ дар бораи ҳаёт ва фаъолияти ӯ дар назар аст.
Ба ҷуз ин косерту, намоишгоҳҳои маҳсулоти мухталиф ва мулоқоту суҳбатҳо низ гузаронда мешавад.