Бар асари бархӯрди мусофиркаш ба мини сари роҳ дар музофоти Ҳилманди Афғонистон дасти кам 20 нафар ҷони худро аз даст додаанд.
Тибқи иттилои пулиси маҳаллӣ ҳодиса замоне ба вуқӯъ пайваст, ки автобус ҷониби маркази маъмурии музофот- шаҳри Лашкаргоҳ ҳаракат мекард. Ҳамаи қурбониёни ин амали терорӣ сокинони осоишта будаанд. То кунун масъулияти ин амалро нафаре ё гурӯҳе бар зимма нагирифтааст.
Ёдовар мешавем, чанде қабл масъулияти таъмини амният дар шаҳри Лашкаргоҳ ва шаш минтақаи дигари Афғонистон аз нерӯҳои НАТО ба ихтиёри артиши миллӣ ва пулиси Афғонистон супурда шуд.{jathumbnail off}