Суоли ИНИТ аз КМИР: 210 000 имзоро чигуна муқаррар кардед?
Аъзои Иттиҳоди нерӯҳои ислоҳотхоҳи Тоҷикистон дар ҷаласаи рӯзи 14 октябр низ мавқеи худро дар баробари интихоботи раёсати ҷумҳурӣ эълон накарданд. Онҳо гуфтанд, баъд аз се рӯз мушаххас хоҳад шуд, ки бо имзои ҷамъоварда ба тарафдории Ойниҳол Бобоназарова ва ҳам интихоботи президентӣ, ки шашуми ноябр баргузор хоҳад шуд, чӣ кор мекунанд.
Ин дар ҳолест, ки ИНИТ бар хилофи ҷаласаи рӯзи 11 октябр иддао дорад, теъдоди кофии имзоҳо барои пешбарии номзад ба интихоботи раисиҷумҳурро дар муҳлати муайяннамудаи Кумисюни марказии интихобот ва раъйпурсӣ ҷамъ овардааст. Ойниҳол Бобоназарова, ки аз тарафи ислоҳотхоҳон ба мақоми президентӣ пешниҳод шудааст, изҳор дошт, ки қонун ҷамъоварии 5 дарсади имзоҳо аз шумораи умумии интихобкунандагонро муайян кардааст ва он каме бештар аз 200 ҳазор хоҳад шуд. “202 ҳазор имзое, ки ИНИТ ҷамъ намуд, тибқи қонун кофӣ буд, чун теъдоди интихобкунандагон дар Тоҷикистон 4 миллиону 120 ҳазор нафарро ташкил медиҳанд”,-афзуд ӯ.
Ба ин тартиб, Иттиҳоди нерӯҳои ислоҳотхоҳ он 210 ҳазор имзоеро, ки КМИР барои пешбарии номзадҳо талаб кардааст, барзиёд хонд. Муҳиддин Кабирӣ, раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, ҳам гуфт, ба зудӣ онҳо аз Кумисюни марказии интихобот ин суолро хоҳанд кард, ки чаро ҳадди панҷдарсада на 200 ҳазор, балки 210 ҳазор муқаррар шудааст ва аз рӯи кадом ҳисоб.
Хонум Бобоназарова гуфт, ки ин миқдор имзоро ҳатто ба тарафдории Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури феълӣ, низ ҷамъоварӣ карда наметавонистанд, агар ба ин раванд тамоми сохторҳои давлатӣ ҷалб намегардиданд. Дар ҳамин ҳол Маҳмудҷон Қосимов, узви ИНИТ изҳор дошт, ки бо ҷамъоварии аснод дар мавриди нуфус ё аҳолии Тоҷикистон нодурустии теъдоди имзоҳои талабкардаи КМИР-ро ба мардум нишон хоҳанд дод.