Депорти 7 узбакистонӣ барои иқомати ғайриқонунӣ аз хоки Осетияи Шимолӣ
7 шаҳрванди Узбакистон бо иттиҳоми иқомати ғайриқонунӣ аз қаламрави Осетияи Шимолӣ ихроҷ шудаанд.
AlaniaTV навиштааст, яке аз ин афрод Валиҷон Ҳасанов аст, ки ҳамагӣ баъди чанд соати ба марзи ин кишвар омадан, депорт шуд. Ӯ ним сол дар Русия бидуни қайд дар як сохтмон кор карда, баъдан ба қаламрави Осетия ворид шудааст.
«Анварҷон Юсупов ва завҷааш Матлуба Аслонова ҳам дар қаламрави Осетияи Шимолӣ бидуни қайд ба сар мебаранд. Онҳо низ ояндаи наздик ба ватан фиристода мешаванд»,-навиштааст манбаъ.
Матлуба Аслонова гуфтааст, «баъди ба ватан баргаштан тамоми санадҳояшонро дуруст карда дубора барои мардикорӣ бармегарданд». Аммо тибқи қонунгузорӣ афроди депортшуда танҳо баъди панҷ сол ҳаққи дубора ба Русия баргаштанро дарёфт мекунанд.