Эмомалӣ Раҳмон: “Масҷид танҳо ҷои ибодат нест...”
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, масҷидҳоро дар шароити кунунӣ на танҳо ҷои ибодат, балки макони фарҳангу одобу ахлоқи некӯ тавсиф кард.
Ин ҳарфҳоро оқои Раҳмон ҳангоми ироаи паёми табрикияш бахшида ба Иди Қурбон ё Азҳо тавассути телевизионҳои давлатӣ баён дошт. Ӯ дар оғоз ҳамаи сокинони кишварро ба ин ид табрик гуфта, аз зоирони тоҷик, ки имрӯзҳо барои тавофи Хонаи Худо ба Маккаву Мадина рафтаанд, ёдоварӣ намуд.
Раисиҷумҳури Тоҷикистон гуфт, “ҳоҷӣ шудан маънои танҳо ба зиёрати Хонаи Худо мушарраф шуданро надорад, балки таваллуди дуюмбораи маънавӣ, таҳкими ахлоқи ҳасана, ба даст овардани покии рӯҳониву ахлоқӣ ва намунаи инсони комил шудан аст. Аз ин лиҳоз, бовар дорам, ҳоҷиёни мо саҳми арзандаи хешро дар тарбияи ахлоқии ҷавонону наврасон, ба роҳи дуруст раҳнамоӣ кардани онҳо, инчунин дар корҳои созандагӣ ва бунёдкорӣ дареғ нахоҳанд дошт.”
Дар идома оқои Раҳмон афроди дороро ба дастгирии ниёзмандон ҳам даъват кард ва гуфт, “дар рӯзҳои иди мубораки Қурбон мардуми мо одати нек доранд, ки бо дили поку нияти холис ба хонаи якдигар мераванд ва ҳамдигарро табрик мегӯянд.” Иди Қурбон ё Азҳо яке аз ду иди бузурги мусалмонони ҷаҳон мебошад, ки он ҳамасола рӯзи 10-уми Зулҳиҷҷа пас аз 2 моҳу 10 рӯзи Иди Фитр таҷлил карда мешавад. Дар Тоҷикистон низ баъд аз солҳои наввадуми қарни гузашта дар шакли расмӣ аз он истиқбол шуда, ин рӯз истироҳат эълон шудааст.