Меҳрнигори Рустам барои нахустин консерти академӣ омода мешавад (ВИДЕО)
Меҳринигори Рустам, овозхони ҷавони тоҷик дар садади баргузор намудани як консерти академист.
Ӯ, ки донишҷӯи соли сеюми бахши сурудҳои академии Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Талабхуҷа Сатторов аст, қасд дорад ин консерташро 14-уми октябр дар бинои ҳамин даргоҳ доир намояд. Ба гуфтаи худи Меҳрнигор дар ин консерт сурудҳои академие чун «Таронаи баҳор», «Ишқи ман», «Интизорӣ», «Ёри ҷон» ва монанди инҳоро иҷро хоҳад кард.
Бурҳон Маҳмадқулов, ҳунарманди мардумии Тоҷикистон ҳам меҳмони фахрии консерти Меҳринигор хоҳад буд.
Аммо Меҳринигори Рустам бештар ба таронаҳои поп таваҷҷуҳи хос дорад. "Бемор машав, модар", "Шаб", "Фаромуш", "Мебарӣ" ва "Ситора" аз маҳбубтарин сурудҳои ӯянд, ки дар ҳамин жанр таҳия шудаанд. Ба ҷуз тоҷикӣ вай бо забонҳои англисӣ, русӣ, туркӣ ва озарӣ ҳам тарона мехонад.