Шартҳои ҲСДТ барои бойкот накардани интихоботи президентӣ
Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон (ҲСДТ) аз Кумиссиюни марказии интихоботи кишвар (КМИР) сабти номзадии Ойниҳол Бобоназарова ба мақоми президентиро қотеона талаб карда, ба ин ниҳод то 1-уми ноябр муҳлат додааст.
Шӯрои сиёсии ин ҳизб дар анҷумани навбатии ҳизбии худ, ки рӯзи 12-уми октябр баргузор шуд, ба қароре омадааст, ки агар то 1-уми ноябр номзадии Ойниҳол Бобоназарова ба мақоми президентӣ ба қайд гирифта нашавад, интихоботи раёсатҷумҳурии моҳи ноябрро таҳрим ё бойкот хоҳад кард.
Шоҳиён Анҷумани ҳизби Зоировро ғайриқонунӣ номид
Ба гуфтаи раҳбарияти ҲСДТ, ба ҷонибдорӣ аз Ойниҳол Бобоназарова, номзад ба мақоми президентӣ аз Иттиҳоди нерӯҳои ислоҳотхоҳи Тоҷикистон аз миқдори муайяншуда зиёд имзо ҷамъоварӣ шуда ва сабтином накардани ӯ амали ғайриконситутсионист. Раҳматилло Зоиров, раиси ҲСДТ гуфт, “панҷ дарсад аз 4 миллиону 34 ҳазор интихобкунандагони кишвар, ки онро КМИР тасдиқ кардааст, 200 ҳазору 110 имзо мешавад. Дар ҳоле ки ситоди Бобоназарова 201 ҳазору 236 имзо ҷамъ овардааст. Яъне, як ҳазору 126 имзо зиёд дорад.”
Ин дар ҳолест, ки номзади ягонаи ИНИТ -- Ойниҳол Бобоназарова бо далели гирдоварӣ карда натавонистани шумораи лозими имзоҳо то муҳлати муайяншуда (10 октябр) ба тарафдории худ, аз идомаи рақобатҳои интихоботӣ маҳрум гардид. Зеро мақомоти Тоҷикистон шумораи имзои зарурӣ ба тарафдории номзадҳоро 210 ҳазор муайян кардаанд.
Инчунин ҲСДТ барои бойкот нашудани интихоботи президентӣ аз сӯи он шарти дигареро низ назди КМИР гузоштааст. Ин ҳизб мегӯяд, бақайдгирии Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури вақти кишвар ва яке аз муддаиёни курсии президентӣ дар интихобот “амали ғайриконститутсионӣ мебошад”. Чун ба гуфтаи онҳо Эмомалӣ Раҳмон тибқи Сарқонуни Тоҷикистон ба ин ҳуқуқ надорад ва ба қайдгири номзадии ӯ ғайриқонунист: “Аз ин рӯ, ҲСДТ натиҷаи интихобот бо иштироки Эмомалӣ Раҳмонро ғайриқонунӣ ҳисобида, агар номзадии ӯ гирифта нашавад, интихоботи моҳи ноябрро таҳрим хоҳад кард.”
Интихоботи президентӣ дар Тоҷикистон 6-уми ноябри соли равон баргузор мешавад. КМИРТ шаш муддаии ин курсӣ, намояндаҳои ҲХДТ, ҲДТ, ҲКТ, ҲСТ, ҲАТ ва ҲИИТ-ро сабти ном кардааст. Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон моҳи декабри соли 2002 дар Вазорати адлияи кишвар сабтином шуда, ҳамчун ҳизби мухолиф фаъолият дорад.