Ҳарфҳои президенти Афғонистон ба раҳбари НАТО “нафорид”
Андерс Фог Расмуссен, раҳбари НАТО гуфт, бо изҳори назари Ҳомид Карзай, райисиҷумҳури Афғонистонро дар мавриди он ки неруҳои эътилоф дар анҷоми уҳдадорияшон дар давлати исломӣ муваффақ нашуданд, комилан розӣ буда наметавонад.
Ахиран, Ҳомид Карзай изҳор дошт, неруҳои хориҷӣ натавонистанд авзои кишварро ба суи субот бубаранд ва фаъолияти онҳо ба Афғонистон “нокомӣ ва марги зиёд оварда, ҳеч дастоварде надошт”. Аммо Расмуссен зимни суханронӣ дар конфронсе дар Брюссел гуфт, набояд рушди кишварро, ки бо талоши ИМА ва дигар шариконаш ба даст омадааст, сарфи назар кард.