Қирғизистон:"Даргириҳои марзӣ аз ҳама бештар бо Тоҷикистон дорем"
Қирғизистон мегӯяд, дар давоми 9 моҳи охири соли ҷорӣ аз ҳама бештар даргириҳои марзӣ бо Тоҷикистон доштааст.
Курсан Асанов, вазири умури дохилии Қирғизистон, ки рӯзи 11-уми окябр зимни нишасти хабарие дар ин бора ҳарф мезад, гуфт, аз аввали соли 2013 то кунун 41 даргирӣ дар марзҳои ин кишвар ба қайд гирифта шудааст, ки 28 тои он дар минтақаи марзияш бо Тоҷикистон ба миён омадааст.
Ин дар ҳолест, ки ба гуфтаи ӯ, ин нишонд дар муқоиса бо дигар ҳамсоякишварҳои Қирғизистон зиёд мебошад: "Дар давоми ин нуҳ моҳ бо Узбакистон 12 ҳолат ва бо Қазоқистон 1 ҳолат қайд шудааст."
Асанов мегӯяд, сабаби аслии аксари ин даргириҳо пура аломатгузорӣ нашудани хатти марз, ғайриқонунӣ ворид шудани чорво, ишғоли ғайриқонуни замин ва худсарона ва нодуруст истифода бурдан аз системаҳои обёрӣ мебошад.
Вазорати умури дохилии Қирғизистон мегӯяд, дар робита ба ин даргириҳои марзии кишвараш 7 парвандаи ҷиноӣ боз карда, дар мавриди 8 тои дигараш аз кушодани парванда худдорӣ шудааст. Ин ниҳод афзудааст, ки ҳудуди 16 даргирии марзӣ тариқи гуфтугӯ ва музокирот аз сӯи мақомоти қудратии қирғиз аз байн бурда шудааст.