Намоишгоҳи маҳсулоти ҳалол ба муносибати Иди Қурбон
Ба муносибати Иди Қурбон дар пойтахти Қирғизистон намоишгоҳи маҳсулоти ҳалол баргузор мешавад.
Ин ярмарка дар Қасри варзиши ба номи К. Коҷомқули Бишкек аз 13 то 15-уми октябр идома хоҳад кард.
Намоишгоҳи фурӯши маҳсулоти ҳалол бо ибтикори маркази маҳсулоти ҳалоли Қирғизистон ва Вазорати иқтисоди ин кишвар созмон меёбад. Тавсеаи арзишҳои исломӣ, ва рушди маҳсулоти ҳалол ва фурӯши он дар бозори маҳаллӣ аз ҳадафҳои аслии ин ярмарка гуфта мешавад.