Раиси чойхонаи Роҳат: “Аз болои писари Ҳукумов даъво надорем. Ҳамааш хости Худост”
Саид Мансуров, раҳбари чойхонаи “Роҳат”, мегӯяд, қасд надорад, аз болои Расули Амонулло -- фарзанди 16-солаи раиси ширкати Роҳи оҳани Тоҷикистон ба додгоҳ шикоят бубарад.
Ӯктам Мансурови 26-сола ва Аловуддин Саидови 21-сола, ки аввалӣ писар ва дувумӣ яке аз наздикони раҳбари чойхонаи “Роҳат” мебошанд, шаби 9 октябр дар садамае дар маркази Душанбе ҷон бохтанд. Мақомот гуфтанд, ки ин садамаи маргбор бо иштироки “БМВ”-и Расули Амонулло, писари 16-солаи Амонулло Ҳукумов, иттифоқ уфтодааст.
Аммо Мансур Саидов, раиси чойхонаи “Роҳат”, садамаеро, ки бо марги писар ва як хешовандаш анҷомид, хости Худо медонаду мегӯяд, аз касе даъво надорад: “Дар робита ба ин ҳодиса ба ҳеч куҷо шикоят бурданӣ нестам ва намебарам. Чун ин кори Худост ва насибу тақдир ҳамин будааст.” Мо Мансур Саидовро субҳи 12 октябр дар манзилаш пайдо кардем. Вай бисёр ғамгин буд ва намехост ҳоло дар ин бора бо тафсилот сӯҳбат кунад. Аммо то он ки ба назди ӯ биравем, дар чойхонаи “Роҳат” будем ва бо кормандонаш сӯҳбат доштем. Як корманди он гуфт, “акаи Мансур аз ҳодисаи марги писараш сахт ғамгин шуда, то чанд рӯзи дигар ба кор нахоҳад омад.”
Ба гуфтаи мусоҳиби мо, Ӯктам Мансуров ва Аловуддин Саидов ҳам дар чойхонаи “Роҳат” кор мекардаанд. Яке иқтисодчӣ будаасту дигаре ошпаз. Бештари кормандони чойхонаи “Роҳат” аз онҳо бо некӣ ёд карда, гуфтанд, ин марги нобаҳангом онҳоро низ андӯҳгин кардааст. Вазорати умури дохилии Тоҷикистон танҳо рӯзи 11 октябр бо пахши як иттилоия номи соҳиби BMW-еро, ки шаби 9 октябр дар Душанбе се нафар, аз ҷумла писар ва як хеши раҳбари чойхонаи “Роҳат”-ро кушт, эълон кард. Бино ба иттилои ин ниҳод, соҳиби BMW Расули Амонуллои 16-сола, сокини шаҳри Душанбе, будааст.
Ин дар ҳолест, ки як рӯзи пеш соҳиби ин BMW Асрор Ҳукумов, бародарзодаи Амонулло Ҳукумов эълон шуда буд. Бо ин ҳол, Вазорати умури дохилӣ мегӯяд, “ронандаи автомашинаи тамғаи БМВ (рақамаш 20-20 РТ 01) Расули Амонулло дар хиёбони Рӯдакӣ аз тарафи кӯчаи Теҳрон ба самти кӯчаи Ф.Ниёзӣ бо суръати баланд ҳаракат карда, ба нақлиёти тамғаи “ВАЗ-21014” (рақамаш 80-36 ВВ 01) таҳти идораи ронанда Аловуддин Саидов, сокини кӯчаи Хуҷамбиёи болои Душанбе, бархӯрда, садамаи нақлиётӣ рух додааст.”
“Дар натиҷаи ин садама ронандаи автомашинаи тамғаи «ВАЗ-21014» Аловуддин Саидов дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат расида, мусофири дохили атвомашинаи мазкур Сурайё Исмоилова, сокини Турсунзода, ҳангоми ба беморхона бурдан ва пас аз ду соати садама мусофири дигар Ӯктам Мансуров (соли таваллудаш 1988), сокини шаҳри Душанбе ба ҳалокат расидаанд”,-афзудааст манбаъ.
Вазорати умури дохилӣ мегӯяд, дар робита ба ин ҳодиса бар асоси моддаи 212, қисми 3-и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон парвандаи ҷиноӣ боз карда, тафтишотро идома медиҳанд. Аммо ин садамаи маргбор бо иштироки писари 16-солаи Амонулло Ҳукумов бо вокунишҳои мухталифи ҷомеаи Тоҷикистон рӯбарӯ омад. Аксарият аз он нигаронӣ карданд, ки чигуна як писари ноболиғ соҳиби БМВ буда, бидуни шаҳодатнома ронандагӣ мекардааст.
НАЗАРИ ШАРИФОВ ВА ВОҲИДОВА
СОҲИБИ БМВ МАЪЛУМ ШУД
БДА ДАР БОРАИ БМВДар акс: (аз тарафи чап ба рост) Ӯктам Мансуров, мошинаи БМВ ва Расули Амонулло