Эмомалӣ Раҳмон нахустин мактаб дар деҳаи Лангарро ба истифода дод
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, дар доираи сафари худ ба ҷамоати деҳоти Чоркуҳ дар рустои Лангар бинои сеошёна и мактаб барои 720 хонандаро мавриди истифода қарор додааст.
Абдуфаттоҳ Шарифзода, сухангуи президенти Тоҷикистон, мегӯяд, “аз замони Шӯравӣ то имрӯз дар ин деҳот мактаб вуҷуд надоштааст. То имрӯз наздики 1800 хонанда 3-4 километр масофаро тай карда, барои таҳсил ба мактаби деҳаи Сари Бозор мерафтанд. Ин мактаб бо харҷи 2 миллиону 650 ҳазор сомонӣ маблағҳои буҷетӣ бунёд ёфта, дорои 12 синфхона, аз ҷумла синфхонаи муҷаҳҳази фаннӣ ва компютерӣ мебошад”.
Ба гуфтаи манбаъ, Эмомалӣ Раҳмон бо назардошти теъдоди зиёди аҳолӣ дар ин деҳа ба масъулини соҳа дастур додааст, ки соли оянда сохтмони як бинои иловагии таълимӣ ва толори варзиширо дар ҳудуди ин мактаб оғоз намоянд, то наздики 1,5 ҳазор хонандаро дар 2 баст фаро гирифта тавонад.