Баҳси фурӯши об ба Узбакистону Қазоқистон дар парлумон
Бархе аз вакилони парлумони Қирғизистон аз мақомоти кишварашон хостаанд, то аз Узбакистону Қазоқистон пули оби худро расман ситонад.
Ин дархостро Мамитбой Салимбеков, намояндаи мардумии қирғиз дар як ҷаласаи парлумонӣ аз мақомоти Қирғизистон кардааст.
Ӯ гуфтааст, ки ҳар сол Қирғизистон сеяки оби обанбори Тоқтагулашро барои обёрӣ намудани заминҳои ҳамсоякишварҳояш Узбакистону Қазоқистон мебахшад ва ҳоло бояд ин доду гирифт қонунӣ ва пули ин об ситонида шавад.
Бар асоси қарордоди миёни ҳукумати ин кишварҳо, ҳамасола ҷониби Қирғизистон барои обёрии заминҳои Узбакистону Қазоқистон миқдори муайяни оберо аз обанбори Тоқтагул мекушояд.
Қаблан низ дар мавриди фурухта шудани об аз сӯи Қирғизистон ба Узбакистону Қазоқистон хабарҳо нашр шуда буд. Моҳи августи соли ҷорӣ Ҷанторо Сотиболдиев, нахуствазири Қирғизистон изҳор дошт, ки сохтмони бархе аз неругоҳҳои обӣ-барқӣ дар кишвараш мушкилоти норасоии обро дар минтақа ҳал карда, ба Бишкек имкон медиҳад, ки обро захира ва ба ҳамсоягонаш фурӯшад.