Директорро бо иттиҳоми гирифтани пора барои шаҳодатномаи ронандагӣ боздошт кардаанд
Оҷонсии мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон аз боздошти директори ҶДММ "Гардиш" бо иттиҳоми гирифтани пора хабар дод.
Ба иттилои манбаъ, Мурод Гулов барои омода намудани ҳуҷҷатҳои зарурӣ барои гирифтани шаҳодатномаи ронандагӣ аз шаҳрванд Саидов Ҷ. 150 доллари амрикои гирифта, 1 200 сомонии дигар талаб кардааст.
“Дар натиҷаи гузаронидани чораҳои опперативӣ-ҷустуҷӯӣ, дар ҳолати талаб намудани 1 200 сомонӣ Мурод Гулов дастгир шуд. Нисбат ба директори ҶДММ "Гардиш" бо аломатҳои қисми 3 моддаи 279 (ришвадиҳии тиҷоратӣ)-и Кодеси ҷиноии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз шудааст”,-хабар медиҳад манбаъ.