ICHCAP ба ҳифзи мероси ғайримоддии фарҳангии Осиёи Марказӣ таваҷҷӯҳ мекунад
Баланд бардоштани дараҷаи дастрасии маълумот дар мавриди мероси ғайримоддии фарҳангӣ ба ҷомеа аз тариқи корбурди низоми онлайн яке аз мавзӯъҳои меҳварии дуюмин ҷаласаи шабакавии кишварҳои Осиёи Марказӣ оид ба ҳифзи мероси ғайримоддии фарҳангӣ буд.
Дар ин ҳамоиш, ки таи ду рӯз дар меҳмонхонаи Тоҷикистон ҷараён дошт, ҳамчунин таъсиси хазинаи ҳамкорӣ ҷиҳати рушди низоми онлайни инвентаризатсиякунонии мероси ғайримоддии фарҳангӣ дар Осиёи Марказӣ ва мусоидат ба рушди ҳамкории фарҳангӣ дар минтақа бо роҳи фаъол намудани гуфтугуи байни давлатҳо мавриди баррасии иштирокдорон қарор гирифт. Дар ин бора ба «Озодагон» аз вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ иттилоъ доданд. Бино ба хабари манбаъ дар ҷаласа коршиносон аз созмони Юнеско-Маркази мероси фарҳангии ғайримоддӣ дар Осиё ва Уқёнуси Ором (ICHCAP), намояндаҳои Тоҷикистон, Корея, Қазоқистон, Қирғизистон ва Ӯзбакистон иштирок доштанд. Дар ҳамоиш қайд шуд, ки Осиёи Марказӣ дорои мероси ғании ғайримоддии фарҳангӣ мебошад. Таҳавуллоти иҷтимоие, ки дар натиҷаи навсозӣ ва урбанизатсия ба вуҷуд омадаанд, зарурияти ҳифзи мероси ғайримоддии фарҳангиро ба миён овардааст. Зимнан, яке аз ҳадафҳои нишасти минтақавӣ низ мубодилаи хабарҳо доир ба вазъи кунунии ҳифзи мероси ғайримоддии фарҳангӣ дар минтақа ва ба роҳ мондани ҳамкорӣ миёни кишварҳои узви созмон ва маркази мероси фарҳангии ғайримоддӣ дар Осиё ва Уқёнуси Ором (ICHCAP) унвон шуд.{jathumbnail off}