МҚҶ-2014: 4 голи беҷавоби Русия ба дарвозаи Люксембург
Тими миллии Русия дар чорчуби даври интихобии Мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон оид ба футбол (МҚҶ)- 2014 дар меҳмонӣ мунтахаби Люксембургро бо ҳисоби 4:0 шикаст дод.
Ҳисобро дар дақиқаи нуҳум Александр Самедов боз кард. Виктор Файзулин ва Денис Глушаков дар дақиқаҳои охири қисмати аввал ду тубро ба нишон расонданд. Александр Кержаков бошад, дар дақиқаи 73-юм голи чоруми тими Русияро вориди дарвозаи ҳариф сохт.
Баъди ин пирӯзӣ тими миллии Русия бо 21 имтиёз дар гуруҳи “F” ба зинаи аввал баромад. Дар ҷои дуюм Португалия (17 хол) қарор дорад. Мунтахаби Португалия шоми имрӯз (12-уми октябр) дар даври нуҳуми сабқати даври интихобӣ бо Исроил вориди рақобат мешавад.
Дар охирин бозии даври интихобии МҚҶ-2014 15-уми октябр Русия бо тими Озарбойҷон ва Португалия бо Люксембург қувва меозмоянд.