Оғози "облава" дар остонаи интихобот ба рейтинги Э.Раҳмон зарба намезанад?
Бахтиёр Бозоров, масъули дафтари матбуотии Вазорати дифоъ:
"Даъвати ҷавонон ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ дар асоси қонун ва тибқи фармони раисҷумҳур аз 1-уми октябри соли равон шуруъ гардидааст. Ба хизмати ҳарбӣ ҷавононе даъват мешаванд, ки синну солашон аз 18 то 25 соларо ташкил медиҳад. Хизмат дар сафи қувваҳои мусаллаҳ барои ҳар як ҷавон қарз аст. Дар сурати саркашӣ намудани ҷавонон аз хизмати ҳарбӣ Вазорати умури дохилӣ муваззаф шудааст, то ин қабил ҷавононро ба хизмат даъват кунад."
Фаридун Умарбек, ҷавон:
"Зарба намезанад, аммо метавонад таъсири манфӣ гузорад. Вақте даъват ба сафи қувваҳои мусаллаҳ иҷборан ё ба истилоҳ тариқи «облава» роҳандозӣ мешавад, мардум, нахуст аз ҳукумат дилсард мешаванд, вале ба шахси президент ҳам хоҳ нохоҳ гап мерасад. Вале аз он ки фармони президент дар бораи даъвати тирамоҳӣ ба сафи артиш дар арафаи интихоботи президентӣ рост омадааст, наметавон гуфт, ки мақомот аз шеваи даъват бо усули «облава», ба хотири нигоҳ доштани имиҷи ҳукумат ва президент даст мекашида бошанд. Чун барои иҷрои нақша бешак аз ин роҳи ғайриқонунӣ кор мегиранд. Гузашта аз ин, дар ҳоле ки азми ҳукумат ва зерсохторҳои он барои пирӯзии президенти кунунӣ Эмомалӣ Раҳмон қатъист, фикр намекунам, ки «облава» барин қазияҳо ба коҳиши имиҷи ӯ дар роҳи пирӯзӣ дар интихобот мусоидат карда тавонад."
Абдулфаттоҳ Шафиев, сокини шаҳри Душанбе:
"Ба назар мерасад, дар кишваре зиндагӣ дорем, ки дигар ҳар иқдоме ба ҳеҷ рейтинге таъсиргузор нест. Рейтинг кайҳо дар дасти мубтакирони иқдомҳост ва дигар дар ин кишвар мутаассифона ба назар мерасад, масъулиятро дар баробари раҳбари худ ҳис мекунанд, на андозсупор. Ҳол он ки масъалаи "облава" бояд бидуни интихобот ҳам набояд ҷой дошта бошад. Намунаи чунин сарбозҷамъориро дар амалиётҳои низомӣ дар дохили кишвар дидем. Бо назардошти воқеиятҳо ва нозукиҳои геополитикӣ оё фурсати лашкари касбӣ нарасидааст? Бояд масъулон сари ин мавзӯъ андеша кунанд. Агар барои онҳое, ки ба лашкар ҷалб мешаванд, имтиёзҳое аз қабили таҳсил дар бахши буҷавӣ бидуни имтиҳони вурудӣ, замин, вомҳои бефоиз ва ғайра ҷорӣ шавад, дигар ниёз ба облава ҳам намемонад. Вале, охир ку дигар гӯши насиҳатшунав?"
Фархунда Шарифова, журналист:
"Ба фикри ман, “облава” дар арафаи интихобот ба рейтинги Эмомалӣ Раҳмон зарбае намезанад. Чунки “облава” барои мо аллакай анъана шудааст ва агар мақомот пеш аз маъракаи интихоботӣ аз "облава" даст мекашиданд ин шубҳаовар менамуд."
Мунира Наджимова, сокини пойтахт:
"Ба андешаи ман “облава” чанд сол боз ҳаст ва давом дорад. Барои ин рейтинги президент паст нашуда буд ва намешавад. Норизоиятӣ дар ин маврид танҳо дар байни он нафароне, ки фарзандонашонро маҷбуран дастгир карда, ба хизмат бурдаанд дида мешавад."
Иззат Амон, раҳбари Иттиҳоди ҷавонони Тоҷикистон дар Русия:
"Гумон намекунам, ки “облава” ба рейтинги Раҳмон таъсире мерасонад, зеро Раҳмон ба рейтинге ниёз надорад. Он чи бо номи интихобот дар Тоҷикистон мегузарад, танҳо харҷи беҳудаи маблағ аз буҷа аст."