ВИДЕО: Нақли сарбози тоҷик дар бораи садамаи қатори Тоҷикистон дар Ҷиззах
Дилошӯб Орифзода, хабарнигори “Озодагон” дар Хуҷанд, шоми 11 октябр ба аёдати гурӯҳи сарбозоне рафт, ки дар садамаи қатор ё поезди Тоҷикистон дар Ҷиззах (10 октябр) маҷруҳ шуда, ба бемористони вилояти Суғд интиқол ёфтаанд. Хабарнигори мо мегӯяд, дар ҳоли ҳозир танҳо дар бемористони вилоятӣ ҳафт сарбози маҷруҳ мавриди табобат қарор доранд.
Масъулони бемористон гуфтаанд, яке аз ин сарбозон ҷарроҳӣ шуда, дар шуъбаи эҳёгарӣ ё реаниматсия ва 6 нафари дигар дар шӯъбаи ҷарроҳии асабшиносӣ бистарӣ шудаанд. Хайрулло Содиқов, иҷрокунандаи вазифаи мудири шӯъба, дар сӯҳбат бо хабарнигори “Озодагон” гуфт, “ҷароҳати беморон сабук аст ва рӯзҳои наздик мураххас хоҳанд шуд.”
Абумуслим Исоев, яке сарбозони маҷруҳшудаи тоҷик, дар суҳбати видеоӣ нақл кард, ки онҳо чигуна ба садама дучор омадаанд: “Ман бо 35 сарбози дигар дар вагони ҳафтум нишаста, сӯҳбаткунон мерафтем. Дар роҳи оҳани Узбакистон нафареро дидем, ки дар даст ду байрақча дораду ишора мекунад. Бачаҳо аз командир дар ин бора пурсиданд, ки ишорааш чист. Командир чӣ гуфт, нафаҳмидам, вале баъд аз панҷ илло даҳ дақиқаи он мо ба садама дучор шудем.” Абумуслим дар идома афзуд, баробари ба садама дучор омадан пеши вагони онҳо ба боло бардошта шуда, вай бо зарби халтаи ангишт, ки ба болои сараш омадааст, беҳуш шудааст. "Баъд бачаҳо маро ба ҳуш оварда, ба берун бароварданд”,-гуфт ӯ
Дар пайи садамаи қатори Тоҷикистон дар вилояти Ҷиззахи Узбакистон (10 октябр) беш аз 40 сарбози тоҷик, ки аз тарафи Душанбе ба Хуҷанд интиқол меёфтанд, маҷруҳ гардиданд. Дар умум дар ин қатор ҳудуди 290 сарбоз ҳузур доштаанд. Ҳоло сарбозони маҷруҳ дар бемористонҳои мухталифи вилояти Суғд ҷойгир шуда, мавриди табобат қарор доранд. Рӯзи 11 октябр аз аҳволи ин сарбозон раиси вилояти Суғд Қоҳир Расулзода ва вазири тандурустӣ Нусратулло Салимов хабар гирифтаанд.