ВИДЕО: Ҷонибек овозхони узбакро ба дуздӣ муттаҳам кард
Ҷонибек Муродов, овозхони ҷавони тоҷик, Даврон Эргашев -- як сарояндаи узбакистониро ба дуздии тасовир, бандубаст, мазмун ва муҳтавои клипи “Хуш омадӣ”-яш, муттаҳам мекунад.
Беҳрӯз Зеваров, продюсери Ҷонибек ба “Озодагон”, гуфт, клипи “Сан-сан”-и Даврон Эргашев комилан аз рӯи сенарияи клипи “Хуш омадӣ”-и Ҷоибек наворбардорӣ шудааст. “Танҳо танзими он каме дигар аст. Клипи “Хуш омадӣ”-ро клипсози маъруф Баҳодур Юлдошев таҳия карда буд”,-афзуд ӯ.
Ба қавли Зеваров, тамоми ҳуқуқи муаллифии ин клип ба ширкати "JM Production" мутааллиқ аст ва онҳо барои ҳифзи ҳуқуқи муаллифияш талош хоҳанд кард: “Нахуст мехоҳем бо роҳи мусолиматомез ба ин қазия расидагӣ кунем”.
Суруди “Хуш омадӣ”-и Ҷонибек Муродов 2-юми ноябри соли 2012 вориди бозор шуд ва клипи он моҳи феврали соли равон муаррифӣ гардид.КЛИПИ "ХУШ ОМАДӢ"-И ҶОНИБЕККЛИПИ "САН САН"-И ДАВРОН