Муҳлати ҳузури неруҳои НАТО то декабри соли 2014 тамдид шуд
Шӯрои амнияти СММ бори охир барои тамдид кардани муҳлати ҳузури неруҳои НАТО дар Афғонистон, то замони бар уҳдаи артиш ва пулиси давлати исломӣ гузаштани масъулияти комили таъмини амният райъ дод.
Бино ба иттилои расида, ин муҳлат то 31-уми декабри соли оянда дароз карда шудааст. Дар резолютсия гуфта мешавад, вазъият дар Афғонистон "ҳамчунон барои амнияти байналмилал ва сулҳ хатарзо аст”. Махсусан аз фаъолшавии ҷангиёни “Толибон”, “Ал-Қоида” ва дигар созмонҳои экстремистӣ нигаронӣ мешавад.
Моҳи июни соли 2013 ҷараёни ба ихтиёри неруҳои афғон супурдани масъулияти таъмини амният оғоз гардид. Неруҳои байналмиллалии мусоидат ба амният дар Афғонистон (ISAF), ба берун рафтан аз марзи давлати исломӣ шурӯъ кардааст. Ҳоло теъдоди ин неруҳо аз 130 то 87,2 ҳазор коҳиш ёфтааст.