Тарафдор - 31. Муқобил - 0. Одобномаи интернетӣ қабул шуд
Лоиҳаи Одобномаи корбарони Интернет ё Одобномаи шаҳрванди электронӣ зимни як конфронс баррасӣ ва қабул гардид.
Ин лоиҳа аз сӯи як гуруҳи коршиносони муташаккил аз воҳидҳои сохтори Дастгоҳи иҷроияи президент, Хадамоти алоқа, Ассотсиятсияи операторони алоқаи мобилии Тоҷикистон таҳия шуда, ҳадаф аз он риоя шудани меъёрҳои одоби ҳаёти воқеӣ дар ҳаёти виртуалӣ мебошад.
Асомуддин Атоев, раҳбари Анҷумани ширкатҳои фароҳамкунандаи Интернет ва узви гуруҳ ба «Озодагон» гуфт, рӯзи 11 октябр дар маҷлисгоҳи Маркази тадқиқоти стратегии Тоҷикистон ба хотири баррасӣ ва қабули лоиҳаи одбнома конфронсе аз аз тарафи Фонди ҷамъиятии Ташаббуси шаҳрвандии сиёсати Интернет (ТШСИ) баргузор гардид. Ба гуфтаи ӯ, 31 нафар аз иштирокдорони ҷаласа ба тарафдорӣ аз ин траҳ райъ дода, касе мухолифи он набаромадааст.
Тарҳи Одобномаи шаҳрванди электронӣ аз 20 банд иборат аст:
1. Манфиатҳои ҷамъиятӣ ҳангоми истифода ва татбиқи ТИК ҳамеша бояд ба назар гирифта шавад.
2. Эҳтиром ва риояи ҳуқуқу озодиҳои инсон, санадҳои меъёрии ҳуқуқии миллӣ ва байналмилалӣ дар фазои виртуалӣ шарт ва заруранд.
3. Риояи меъёрҳои забони давлатӣ ва арзишҳои миллӣ дар фазои виртуалӣ зарур аст.
4. Пахши расму наворҳои фаҳшомез ва дорои хусусияти порнографӣ норавост.
5. Таблиғу тарғиби терроризм бо тамоми зуҳуроташ ба воситаи ТИК норавост.
6. Ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои ноболиғон ва шахсони имконияташон маҳдуд вазифаи афзалиятнок дар фазои ТИК мебошад.
7. Истифодаи ТИК барои таъқиб, таҳқир, туҳмат, иғво, воҳима, ғаразварзӣ, маҳалгароӣ ва дигар амалҳои нораво ғайри қобили қабул аст.
8. Табъизи миллӣ, забонӣ, динӣ, нажодӣ ва ҷинсӣ дар фазои виртуалӣ раво нест.
9. Эҳтироми моликияти зеҳнӣ ҳатмӣ буда, бо истифода аз ТИК асардуздӣ раво нест.
10. Одоби муошират ҳангоми истифодаи ТИК бояд риоя гардад; муоширати дурударози безарурат, истифодаи садоҳои гӯшхарош, суханони қабеҳу
беодобона ва баланд гӯш кардани мусиқӣ дар ҷойҳои ҷамъиятӣ раво нест.
11. Технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ бояд тарзе истифода шаванд, ки ба фароғати дигарон халал ва ба саломатии онҳо зарар нарасонанд.
12. Аз таҷҳизот ва воситаҳои технологии дигарон бе иҷозат истифода бурдан беодобист.
13. Маълумоти инфиродии ҳар шахс дар фазои виртуалӣ дахлнопазир буда, истифодаи беиҷозати он норавост.
14. Сухан ва иттилооти шахси дигарро таҳриф кардан норавост.
15. Шарҳи беодобонаи андешаи дигарон ва посухи беодобона ба он қобили қабул нест.
16. Ба воситаи ТИК ҳарзанома (спам) фиристодан ҷоиз нест.
17. Суиистифода аз донишу малакаи нокифояи технологию иттилоотии дигарон норавост.
18. Истифодабарандаи ТИК барои маълумоти интишоркардаи худ масъул мебошад.
19. Истифодабарандаи ТИК барои риоя намудани одоб дар фазои виртуалӣ масъул аст.
20. Волидайн дар истифодаи ТИК аз ҷониби фарзандони ноболиғ масъул мебошанд.