КМИР: Ойниҳол Бобоназарова аз идомаи сабқат маҳрум шуд
Кумисюни марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистн (КМИРТ) мегӯяд, Ойниҳол Бобоназарова -- номзади ягонаи Иттиҳоди нерӯҳои ислоҳотхоҳ ба далели ҷамъ наовардани 210 ҳазор имзои зарурӣ аз идомаи сабқат барои дарёфти курсии президентӣ маҳрум шудааст.
Абдуманнон Додоев, раҳбари дастгоҳи Кумисюни марказии интихобот, дар ин бора рӯзи 11 октябр ба “Озодагон” хабар дод. Ӯ гуфт, “расман 6 нафар дар Кумисюни марказии интихобот ба ҳайси номзад ба мақоми президентӣ сабтином шудаанд ва онҳо ҳаққи иштирок дар интихоботро доранду халос.”
Оқои Додоев дар мавриди ойниҳол Бобоназарова гуфт, “шахсан дирӯз (10 октябр) то соати 6-и бегоҳ интизори пешниҳоди имзоҳои ҷамъовардаи номзади ягонаи Иттиҳоди нерӯҳои ислоҳотхоҳ будам. Ҳатто имрӯз (11 октябр) то соати 12 фурсат додем, вале нашуд. Бар асоси Қонуни асосӣ хонум Бобоназарова ягон имконият надорад.”