Ҳалокати се узбак бар асари як таркиш дар Қазоқистон
Бар асари як таркиш дар Қазоқистон се шаҳрванди Узбакистон бо шумули як кудаки ду сола ба ҳалокат расидаанд.
Тибқи иттилои расонаҳои узбакию қазоқӣ, ин таркиш рӯзи 10-уми окябр дар вилояти Атирауи Қазоқистон дар натиҷаи оташ гирифтани лулаи газ ба миён омадааст. Вале ҳанӯз аз ному насаби фавтидагон чизе гуфта нашудааст.
Манбаъ мегӯяд, шаҳрвандони Узбакистон дар ин кишвар ҳамчун муҳоҷир ба сар бурда, дар яке аз минтақаҳои вилояти Атирау хонаеро ба иҷора гирифта будаанд. Масъулони Хадамоти гази Қазоқистон гуфтаанд, муҳоҷирони узбак бо таври ғайриқонунӣ ва -айриҳирфаӣ лулаи гази хонаи худро ба лулаи асосӣ пайваст кардаанд, шояд сабаби инфиҷор дар ин бошад.