Сабқати шоҳмотбозони тоҷик барои "Ҷоми Осиёи Марказӣ"
Федератсияи шоҳмоти Тоҷикистон мусобиқаи байналмилалиеро таҳти унвони “Ҷоми Осиёи Марказӣ” баргузор мекунад.
Ин мусобиқаи байналмилалии шоҳмот дар шаҳри Душанбе аз 11-ум то 21-уми октябр бо сарпарастии Федератсияи байналмилалии шоҳмот (ФИДЕ) барпо мегардад. Мусобиқаи “Ҷоми Осиёи Марказӣ” рӯзи 12-уми октябр дар меҳмонхонаи “Истиқлол”-и пойтахт расман шуруъ мешавад.
Мусобиқаи байналмилалии шоҳмот соли 2011 бо ибтикори Кирсан Илюмжинов, раиси ФИДЕ ташкил мешавад. Аввалин бор ин мусобиқа соли 2011 дар шаҳри Тошканд баргузор шудааст. Ҷоми Осиёи Марказӣ соли 2012 дар Қирғизистон баргузор гардида буд.
Ҷоми Осиёи Марказӣ ба дастае дода мешавад, ки бештар ҷойҳои фахриро соҳиб гашта, имтиёзҳои мувофиқ мегиранд. Барои ҷойи аввал 8 имтиёз, барои ҷойи 2-юм – 6, барои ҷойи 3-юм – 4, барои ҷойи 4-ум – 2 ва барои ҷойи 5-ум – 1 имтиёз дода мешавад.