Соҳиби BMW-е, ки 3 нафарро кушт, писари 16-солаи Ҳукумов гуфта мешавад
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон бо пахши як иттилоия номи соҳиби BMW-еро, ки шаби 9 октябр дар Душанбе се нафарро кушт, эълон кард. Бино ба иттилои ин ниҳод, соҳиби BMW Расули Амонуллои 16-сола, сокини шаҳри Душанбе, будааст.
Ҳарчанд Вазорати умури дохилӣ дар бораи киву чикора будани Расули шонздаҳсола иттилое надодааст, вале бино ба баъзе хабарҳо ӯ писари Амонулло Ҳукумов (Ҳукуматулло), раиси ширкати Роҳи оҳани Тоҷикистон будааст. Ин дар ҳолест, ки як рӯзи пеш соҳиби ин BMW Асрор Ҳукумов, бародарзодаи Амонулло Ҳукумов эълон шуда буд.
Бо ин ҳол, Вазорати умури дохилӣ мегӯяд, “ронандаи автомашинаи тамғаи БМВ (рақам 20-20 РТ 01) Расули Амонулло дар хиёбони Рӯдакӣ аз тарафи кӯчаи Теҳрон ба самти кӯчаи Ф.Ниёзӣ бо суръати баланд ҳаракат карда, ба нақлиёти тамғаи “ВАЗ-21014” (рақамаш 80-36 ВВ 01) таҳти идораи ронанда Аловуддин Саидов (соли таваллудаш 1991), сокини кӯчаи Хуҷамбиёи болои Душанбе, бархӯрда, садамаи нақлиётӣ рух додааст.”
“Дар натиҷаи ин садама ронандаи автомашинаи тамғаи «ВАЗ-21014» Аловуддин Саидов дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат расида, мусофири дохили атвомашинаи мазкур Сурайё Исмоилова Сурайё (соли таваллудаш 1989), сокини Турсунзода, ҳангоми ба беморхона бурдан ва пас аз ду соати садама мусофири дигар Уктам Мансуров (соли таваллудаш 1988), сокини шаҳри Душанбе ба ҳалокат расидаанд”,-афзудааст манбаъ.
Вазорати умури дохилӣ мегӯяд, дар робита ба ин ҳодиса бар асоси моддаи 212, қисми 3-и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон парвандаи ҷиноӣ боз карда, тафтишотро идома медиҳанд.