Куштори одам бо корд дар ноҳияи Ишкошим
Аснои баргузории як амалиёти вижаи кормандони милиса, Миравазбеков Низом Фарҳодбекович (соли таваллудаш 1975, истиқоматкунандаи деҳаи Воғзӣ, ноҳияи Ишкошим, бекор), дастгир карда шуд.
Ӯ 26.07.11с. соати 15.00 дар ҳудуди деҳаи Воғз аз сабаби муносибатҳои оштинопазирӣ бо шаҳрванд Хаёлбеков Гулёри 35-сола ҷанҷол намуда, ӯро бо корди дар дасташ буда 1-маротиба ба қафаси синааш мезанад, ки дар натиҷа ҷабрдида ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат мерасад.Оиди ин далел парвандаи ҷиноӣ боз гардида, тафтишот идома дорад. {jathumbnail off}