"Беш аз ҳазор муҳоҷири тоҷику узбак ғайриқонунӣ дар чанд ҳуҷра сабт шудаанд"
Раҳбари як ширкат оид ба пешниҳоди иҷораи манзил дар вилояти Владимири Русия ғайриқонунӣ беш аз ҳазор муҳоҷири тоҷик ва узбакро дар чанд ҳуҷра ба қайд гирифтааст.
ИТАР-ТАСС навиштааст, ин зани солманд бар ивази маблағ муҳоҷирони ғайриқонуниро дар қайд мегузоштааст. “Аз 17-уми апрел то 2-юми августи соли равон ин зани 54-сола ҳузури ғайриқонунии шаҳрвандони Тоҷикистон ва Узбакистонро дар қаламрави Русия таъмин мекардааст”,-гуфтаанд ба хабаргузорӣ дар бахши минтақаии ВКД.
Ин нафар бар ивази ҳазор ё ду ҳазор рубли русӣ шаҳрвандони хориҷӣ ё ашхоси бешаҳрвандро дар қайд мегузоштааст. Тибқи қонун вай ҳамчун ҷониби қабулкунанда мебоист ба муҳоҷирон манзил ё ҷои кор пешниҳод мекард.
Тафтишот муайян кардааст, ки гумонбаршуда муҳоҷиронро дар ҳуҷраҳое воқеъ дар ноҳияи Юреви шаҳри Владимир ба қайд гирифтааст, аммо ин муҳоҷирон ҳеч гоҳ дар ин ҳуҷраҳо назистаанд. Аз оғози соли 2013 вай беш аз ҳазор шаҳрванди кишварҳои Осиёи Миёна ба қаламрави Русияро ғайриқонунӣ таъмин кардааст. Танҳо дар ҳуҷраи худ ӯ 20 нафарро ба қайд гирифтааст.
Ҳоло мақомоти тафтишот муҳоҷирони ғайриқонуниро ҷустуҷӯ мекунанд.