Узбакистон гуфтааст, "поезди сарбозони тоҷик бо гуноҳи мо чаппа шуд" (АКС)
Масъулони ширкати Роҳи оҳани Тоҷикистон мегӯянд, ҷониби Узбакистон дар суҳбат бо онҳо эътироф карда, ки садамаи қатори сарбозони тоҷик бо гуноҳи онҳо ба вуқӯъ пайвастааст.
Ин садама субҳи даҳуми октябр дар вилояти Ҷиззах рух дода, дар натиҷаи он беш аз 40 нафар ҷароҳат бардоштанд. Ҷониби Узбакистон эътироф карда, ки ҳангоми таъмири қисмати роҳи оҳанаш дар Ҷиззах мақомоти тоҷикро огоҳ накарда буд ва ин ба садамаи қатор оварда расонд. Ҷониби Тоҷикистон дар пайи ин садама эълон дошт, ки онҳо қатори самти Душанбе-Конибодомро пеш аз ҳаракаташ ташхис карда буданд ва он ҳеч мушкиле надошт.
Мамадюсуф Абдураҳмонов, сардори Хадамоти мусофирбарии ширкати Роҳи оҳан ба “Озодагон” гуфт, мақомоти узбак ваъда додаанд, ки дар зудтарин фурсат вагонҳои чаппашударо таъмир карда, ба Тоҷикистон медиҳанд. “Ман бо сардори Роҳи оҳани Узбакистон сӯҳбати телефонӣ доштам. Онҳо ба гардан гирфтанд, ки тамоми хисоротро ҷуброн мекунанд. Ҳамаи қаторҳоро таъмир менамоянд. Дар мавриди захмиҳо гапи алоҳида аст, ки ҳоло гуфта наметавонам”,-афзуд Абдураҳмонов.
Мусоҳиби мо мегӯяд, як гуруҳи корӣ аз Тоҷикистон ба Узбакистон рафта, дар ҷои воқеа қарор дорад. Ба қавли ӯ, таҳқиқи ин ҳодиса кори якрӯза нест ва бинобар ин, гуруҳи корӣ ба пажӯҳиши худ идома дода, баъдан хулосаашро дар ҳуҷҷат баён хоҳад кард.
Дар дохили қатори Душанбе-Конибодом, ки дар Ҷиззах ба садама дучор омад, ҳамагӣ 305 нафар ҳузур доштаанд. Аз ин ҳисоб 282 нафар сарбоз, 13 нафар роҳбалад ва 23 нафар ҳайати кормандони Корхонаи воҳиди мусофирбарӣ будаанд. Баъд аз садама мақомоти Узбакистон сарбозони тоҷикро тавассути як поезд шоми 10 октябр ба вилояти Суғд расонданд. Ба қабули онҳо дар истгоҳи Спитамен масъулони ҳукумати Суғд, даҳҳо аскару афсар ва табибон омада буданд. Хабарнигори "Озодагон" аз истгоҳи Спитамен хабар дод, ки дарҳол мошинҳои Ёрии таъҷилӣ аскарони маҷруҳро ба бемористонҳои наздиктарин бурдаанд.
ҶУЗЪИЁТИ САДАМА
АКСҲО АЗ ИСТГОҲИ СПИТАМЕН ДАР ЛАҲЗАҲОИ ҚАБУЛИ САРБОЗОН