Э.Раҳмон: "Интихоботи 6 ноябр дар доираи Қонуни асосӣ мегузарад"
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури кунунӣ ва номзад ба мақоми раёсати ҷумҳури Тоҷикистон, рӯзи 10 октябр, ҳангоми мулоқоташ бо фаъолону сокинони Хоруғ аз онҳо хост, барои баргузории як интихоботи озоду шаффоф саҳм бигузоранд.
Оқои Раҳмон, ки ҳоло барои чорумин бор номзадии худро дар интихоботи президентӣ гузоштааст, гуфт, “ман аз тамоми роҳбарону масъулон, хизматчиёни давлатӣ, фаъолони аҳли ҷомеа ва мардуми шарифи Бадахшон даъват менамоям, дар ин чорабинии муҳими сиёсӣ фаъолона ширкат карда, барои таъмини баргузории шаффофу озодонаи он ҳамаҷониба мусоидат намоянд.”
Вай дар идома изҳори боварӣ кард, интихоботи шашуми ноябри соли ҷорӣ “дар доираи Қонуни асосӣ ва қонунҳои амалкунандаи кишвар баргузор шуда, намунаи беҳтарини риояи одобу маданияти сиёсиву шаҳрвандӣ, амалисозии ҳуқуқи конститутсионии шаҳрвандон мегардад ва мардум роҳбари арзандаи худро бо майлу иродаи хеш озодона интихоб мекунанд.”
Эмомалӣ Раҳмон дар ин мулоқоти худ интихоботи президентиро баҳонаи дигаре барои сарҷамъии миллат, таҳкими ваҳдати миллӣ, сулҳу суботи сиёсӣ ва тақвияти бештари нуфузу обрӯи мардуми тоҷик донист. Оқои Раҳмон то кунун дар се интихоботи президентӣ (1994, 1999 ва 2006) иштирок карда, ҳамеша бар рақибонаш пирӯз омадааст. Вай аз соли 1992 то 1994 дар мақоми раиси Шӯрои олии Тоҷикистон буд. Аммо мухолифони Эмомалӣ Раҳмонро барои тақаллуб дар интихоботҳову эҷоди монеаҳои сунъӣ бар рақибонаш муттаҳам мекунанд.