Баҳси рама ва "срок"-и Убайдуллоев ба муовини худу раисони ноҳияҳо
Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси шаҳри Душанбе, имрӯз, 10-уми октябр, дар маҷлиси вакилони халқии шаҳри Душанбе аз парвариши чорво дар пойтахт нигаронӣ карда, барои нест кардани онҳо супориш додааст.
Тибқи иттилои дафтари матбуоти шаҳрдорӣ, Убайдуллоев ҳисоботи муовини якумаш Хайруллоев Насруллоро дар самти танзими нигаҳдории чорво ва ҳайвонот дар Душанбе шунида, барои саҳлангориҳо дар ин самт ва ислоҳи камбудиҳо ба ӯ ва раисони ноҳияҳои пойтахт то 1-уми январи соли 2014 муҳлат додааст: “Барои ислоҳи вазъ ба сардухтурони Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ З. Авғонов ва Раёсати назорати давлатии байтории шаҳри Душанбе Б. Қармишев то 1 декабри соли 2013 муҳлат муқаррар карда шуд.”
Раиси Душанбе ба додситонӣ ва мақомоти умури дохилии пойтахт дастур додааст, ки кори масъулинро пайгирӣ кунанд ва аз натиҷаааш ҳар ҳафта шахсан ба ӯ гузориш диҳанд.
Тибқи қонун «Дар бораи статуси пойтахти Тоҷикистон» дар марзи шаҳри Душанбе парвариш, нигоҳдории чорвои калони шохдор, чорвои хурд, инчунин асп, хар, парранда ва дигар ҳайвоноти хонагӣ, ба истиснои гурба, саг ва паррандаҳои хурди ғайриистеъмолӣ манъ аст.
Тибқи иттилои шаҳрдорӣ дар ҷаласа муқаррар гардид, ки муддати 10 рӯз тавассути фаҳмондадиҳӣ бо шаҳрвандон инвентаризатсияи чорвои калони шохдор, чорвои хурд, инчунин асп, хар, парранда ва дигар ҳайвоноти хонагӣ, ба истиснои гурба, саг ва паррандаҳои хурди ғайриистеъмолиро дар марзи шаҳр ба сомон расонида, тибқи салоҳдиди шаҳрвандон аз байн бурдани онҳо таъмин карда шавад. Дар ин зимн Убайдуллоев супориш додааст, барои ба оилаҳои камбизоати муайянкардашуда ҷиҳати расонидани кӯмаки молиявии якдафъаина ба раиси шаҳр пешниҳод ирсол карда шавад.
Инчунин ба иттилои шаҳрдорӣ бо қарори иҷлосия убури рамаҳо тавассути марзи маъмурии шаҳри Душанбе ба чарогоҳҳои мавсимӣ қатъиян манъ гардид ва қарор шудааст, дар ин хусус ба унвонии ташкилоту идораҳои дахлдор маълумотномаи расмӣ фиристода шавад.