КМИР гуфт, “Бобоназарова то субҳи 11 октябр фурсат дорад”
Кумисюни марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон (КМИРТ) мегӯяд, ситоди интихоботии Ойниҳол Бобоназарова, номзади ягона аз Иттиҳоди нерӯҳои ислоҳотхоҳи кишвар (ИНИТ), то фардо -- 11-уми октябр барои супоридани имзоҳои худ ҳақ дорад.
ТАНҲО БОБОНАЗАРОВА МОНД
Абдуманнон Додоев, раҳбари дастгоҳи КМИР, дар суҳбат ба “Озодагон” гуфт, муҳлати ҷамъоварии имзо ба тарафдории номзадҳо ба мақоми президентӣ соати 18:00-и 10-уми окябр ба поён мерасад. “Вале замони ниҳоии сабти номи номзадҳо фардо, 11-уми окябр, мебошад”,-афзуд ӯ.
Вай гуфт, ин ниҳод аз ситоди интихоботии хонум Бобоназарова талаб кардааст, то субҳи фардо 11-уми октябр рӯйхати имзоҳои ҷамъоваришуда ба ҷонибдории номзади худро супоранд. Дар ҳамин ҳол, масъулони ситоди интихоботии номзади ягонаи ИНИТ низ изҳор доштанд, ки то соати 18:00 ҷамъоварӣ имзоҳоро ба поён расонида, аммо маҷмӯи имзоҳои ҷамъшуда ба ҷонибдорӣ аз номзади хешро субҳи фардо эълон хоҳанд кард.
Ин дар ҳолест, ки дафтари Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар Суғд, мегӯяд, он нақшаи ҷамъоварии имзоҳо ба ҷонибдорӣ аз хонум Бобоназароваро дар ин минтақа пурра ба поён расонидааст. Наимҷон Самиев, раҳбари дафтари ҲНИТ дар Суғд ба “Озодагон” гуфт, ба монеагузориҳо нигоҳ накарда, тавонистаанд, нақшае, ки барои онҳо гузошта шуда буд, ба охир расонанд: “Ба мо ҳудуди 70 ҳазор нақша дода буданд, бачаҳо тавонистанд он имзоро ҷамъ намоянд.”
Кумисюни марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон (КМИРТ) рӯзи 9 ва 10 октябр шаш номзад ба мақоми президентиро сабтином кард. Инҳо -- Эмомалӣ Раҳмон аз Ҳизби халқӣ демократӣ, Толиббек Бухориев аз Ҳизби аграрӣ, Олим Бобоев аз Ҳизби ислоҳоти иқтисодӣ, Абдуҳалим Ғаффоров аз Ҳизби сотсиалист, Исмоил Талбаков аз Ҳизби коммунист ва Саидҷаъфар Исмонов аз Ҳизби демократи Тоҷикистон мебошанд. Интихоботи президентии Тоҷикистон рӯзи шашуми ноябри соли ҷорӣ баргузор мегардад. Дар сурати сабтиноми Ойниҳол Бобоназарова ҳафт нафар барои дарёфти курсии президентӣ талош хоҳанд кард, ки яке аз онҳо Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури кунунист.