БДА дар бораи BMW-и Ҳукумов ва марги писари раиси чойхонаи "Роҳат"
Бозрасии давлатии автомобилии Тоҷикистон мегӯяд, мошини BMW-е, ки шаби 9 октябр дар хиёбони марказии Душанбе ба садама дучор шуда, се куштаву се маҷруҳ бар ҷой гузошт, мутааллиқ ба Асрор Ҳукумови 21-сола аст.
Аммо Маҳмадшариф Шамсов, масъули хадамоти матбуоти БДА, пайвандии Ҳукумови 21-сола бо Амонулло Ҳукумов, раиси ширкати Роҳи оҳанро, ки яке аз афроди наздик ба хонаводаи раисиҷумҳури Тоҷикистон дониста мешавад, шарҳ надод. Вай гуфт, онҳо фақат ному насаби ин афродро сабт карда, бо киву чикора буданашон коре надоранд. Ин дар ҳолест, ки қаблан "Азия-Плюс" бо такя ба як манбаи худ Ҳукумови 21-соларо ҷияни раиси ширкати Роҳи оҳани Тоҷикистон муаррифӣ карда буд.
Бо ин ҳол, Маҳамдшариф Шамсов мегӯяд, “Асрор Ҳукумови 21-сола ҳангоми ҳаракат аз кӯчаи Рӯдакӣ ба тарафи кӯчаи Исмоили Сомонӣ ба муқобили самти ҳаракат мебарояд. Дар натиҷа, ба автомашинаи тамғаи ВАЗ 21-014 (рақами давлатиаш 80-36 ВВ 01) бармехӯрад, ки ронандааш Алоуддин Саидови 22-сола буда, дар ҷои ҳодиса ҳалок мешавад.”
Дар пайи ин садама, ба гуфтаи Шамсов, Сурайё Исмоиловаи 32-сола ва Уктам Мансурови 26-сола (писари Мансур Саидов, раиси чойхонаи "Роҳат") низ бо бардоштани ҷароҳатҳои вазнин дар бемористон ҷон бохтаанд. “Мусофирони автомашинаи тамғаи BMW -- Мадина Аҳмедова, Азиза Рӯзиева ва Маҳкам Шокиров ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, ҳоло дар беморхона бистариянд”,-афзуд мусоҳиби мо.
Бозрасии давлатии автомобилӣ мегӯяд, нисбат ба ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ оғоз гардидааст.