Нигарониҳо аз афзоиши ҳамҷинсгароӣ дар Қазоқистон
Бархе аз намояндагони мардумии қазоқ аз афзоиши шумораи ҳамҷинсгароён ва марокизи тафреҳии онҳо дар Қазоқистон ибрози нигаронӣ доранд.
Алдан Смайил, вакили парлумони Қазоқистон, ки зимни баррасии лоиҳаи қонун оид ба ҳимояти кудакон аз иттилооти зараровар дар ин бора нигаронӣ мекард, гуфт, ҳоло дар шаҳри Остона 4 ва дар шаҳри Алмаато ҳудуди 10 маркази тафреҳии ҳамҷинсгароён ошкоро фаъолият дорад.
Ба гуфтаи Смайил, ҳудуди 240 ҳазор ҳамҷинсгаро дар Қазоқистон ба қайд гирифта шуда, дар минтақаи Караганди ин кишвар ҳатто ҳолатҳои бастани ақди никоҳ миёни онҳо дида мешавад.
Ин вакили қазоқ дар хитоб ба ҳамтоёни худ афзудааст, ҳамаи мо шоҳидем, ки чигуна ҳамҷинсгароён тавассути сайтҳои интернетӣ таблиғот мебаранд ва Аврупо дар ин бобат ба чӣ ҳолат гирифтораст, медонем: “Аз ин рӯ, мо бояд дар ингуна қонунҳо ин чизро ба инобат гирифта, сади роҳи ин раванд шавем.”