Легионери африқоии "Равшан" бозигари беҳтарини моҳ эълон шуд
Федератсияи футболи Тоҷикистон (ФФТ) беҳтаринҳои футболи тоҷикро дар моҳи сенябр эълон карда, аз Раҳмон Муртазоев барои бори дуюм беҳтарин довар ном гирифааст.
Ба иттилои манбаъ, Соломон Течӣ, ҳамлагари ганагии дастаи “Равшан”-и Кӯлоб беҳтарин бозигар, Салоҳиддин Ғафуров, сармураббии дастаи “Вахш”-и Қурғонтеппа беҳтарин мураббӣ ва Раҳмон Муртазоев беҳтарин довари моҳ муаррифӣ шудаанд.
Ин дар ҳолест, ки Ҳусейни Суҳробӣ, ҳамлагари дастаи “Истиқлол”-и Душанбе беҳтарин бозигар, Олег Ширинбеков, сармураббии ин тим ва Раҳмон Муртазоев беҳтарин довар дар моҳи август муайян шуда буданд.
Манбаъ мегӯяд, ба беҳтаринҳои моҳи сентябр ҷоизаи пулӣ ба маблағи 500 сомонигӣ пешбинӣ шудааст.