Садамаи қатор 33 наваскарро захмӣ кард
Вазорати мудофиаи Тоҷикистон мегӯяд, дар садамаи қаторе, ки аз Душанбе ба Хуҷанд ҳаракат мекард, 33 нафар ҷароҳат гирифтаанд.
Бахтиёр Бозоров, масъули Вазорати мудофиа дар суҳбат бо “Озодагон” гуфт: “Дар садамаи қаторе, ки субҳи имрӯз, 10-уми октябр аз самти Душанбе ба Хуҷанд ҳаракат мекард ва дар минтақаи Ҷиззахи Узбакистон ба садама дучор шуд, 33 даъватшаванда ҷароҳати сабуки ҷисмонӣ гирифтаанд”.
Ба иттилои манбаъ, дар дохили қатор беш аз 200 даъватшаванда ва инчунин афсароне, ки наваскаронро ҳамроҳӣ мекарданд ба садама дучор шуданд. “Вобаста ба ҳолати баамаломада комисияи махсус ташкил шудааст, ки сабабҳои ҳодисаро муайян хоҳанд кард”,-афзуд манбаъ.