Танҳо Бобоназарова монд. Ғаффоров, Талбаков ва Исмонов ҳам сабтином шуданд
Кумисюни марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон (КМИРТ) рӯзи 10-уми октябр боз се номзад ба мақоми президентиро сабтином кард. Инҳо -- Абдуҳалим Ғаффоров аз Ҳизби сотсиалист, Исмоил Талбаков аз Ҳизби коммунист ва Саидҷаъфар Исмонов аз Ҳизби демократи Тоҷикистон мебошанд.
Шермуҳаммади Шоҳиён, раиси Кумисюни марказии интихобот, гуфт, Ҳизби сотсиалист ба тарафдории номзади худ 216 ҳазор, Ҳизби демократ 217 ҳазор ва Ҳизби коммунист 218 ҳазор имзо ҷамъ овардаанд. Вале, ба гуфтаи Шоҳиён, ба далели ноқисияш ҳудуди ҳазор имзо ба тарафдории Абдуҳалим Ғаффоров, номзад аз Ҳизби сотсиалист, аз эътибор соқит дониста шудааст.
“Дар умум онҳо (ҲСТ) 216 ҳазор имзо пешниҳод карданд, ки аз ин миён 496 ҳолат бидуни сабти рақами шиноснома, 19 ҳолат бидуни зикри синну сол ошкор шуданд. Инчунин, 12 ҳолати имзогузории шахсоне, ки синнашон барои овоздиҳӣ нарасидааст, низ ифшо гардид”,-гуфт ӯ.
Ба ин тартиб, ҳоло расман шаш номзад ба мақоми президентӣ вориди корзори интихобот шуданд. Танҳо Ойниҳол Бобоназарова, номзади ягона аз Иттиҳоди нерӯҳои ислоҳотхоҳ, то кунун 210 ҳазор имзои заруриро ба Кумисюни марказии интихобот пешниҳод накарда ва худро сабтином нанамудааст. Ситоди интихоботии ӯ мегӯяд, дар ҳоли каме бештар аз 200 000 имзоро шумурда, дар соатҳои наздик шумораи умумии онро эълон хоҳанд кард.
Интихоботи президентии Тоҷикистон рӯзи шашуми ноябри соли ҷорӣ баргузор мегардад. Дар сурати сабтиноми Ойниҳол Бобоназарова ҳафт нафар барои дарёфти курсии президентӣ талош хоҳанд кард, ки яке аз онҳо Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури кунунист.