Қиссаи ишқбозии Саид Шарифов дар Русия ва надомати тоҷикон (Видео)
Қиссаҳо аз саргузашти Саид Шарифов, як муҳоҷири тоҷик, дар Русия тавассути барномаи “Пусть говорят” баҳсҳои зиёдеро миёни корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ ба миён овардааст.
Ин барнома шоми 9-уми октябр тариқи шабакаи аввали телевизиони Русия ба намоиш гузошта шуда, дар он аз робитаи пинҳонии Шарифов бо Елена Кострикин, зани мутааҳҳил (шавҳардор)-и рус ва фарзанди пинҳонии онҳо қисса мешавад.
Бар асоси гуфтаҳои ин барнома, муҳоҷири тоҷик бо вуҷуди он ки ӯро дар Тоҷикистон чанд фарзанд ва занаш интизор аст, дар Русия бо Елена Кострикин, зани мутааҳҳили рус робитаи пинҳонӣ ба роҳ монда, ҳатто фарзандор ҳам мешавад. Ин мард хабарҳо дар мавриди оила, зану фарзанд ва волидайнашро, ки дар Тоҷикистон ба сар мебаранду дар бораи ҳаёти ӯ тӯли даҳ сол мешавад, иттилоъ надоранд, аз зани рус пинҳон карда, ҳатто ба ӯ пешниҳоди издивоҷ низ мекунад.
Бархе аз корбарони шабкаи иҷтимоии Фейсбук, ин амали муҳоҷири тоҷикро як беобрӯӣ ва тавҳин ба миллати тоҷик хондаанд. Бархе дигар аз он ибрози нигаронӣ доранд, ки “имрӯз тавассути баъзе аз шаҳрвандони бенангу номуси Тоҷикистон, миллати тоҷик дар арсаи ҷаҳонӣ манфӣ муаррифӣ мешавад”. Яке аз корбарони Фейсбук аз ҷумла навиштааст, “дар чеҳраи ингуна “барзагов” ҳама тоҷикҳо ҳамингуна муаррифӣ мешаванд.” Дар ҳоле ки ба гуфтаи ӯ, дар асл шумораи зиёди муҳоҷирини тоҷик ингуна нестанд: “Аксарияти муҳоҷирони меҳнатии тоҷик ҷонашонро барои падару модару зану фарзанд медиҳанд, то онҳо хуб зиндагӣ кунанд.”
Номи муҳоҷири тоҷик замоне сархати ин барномаи русӣ қарор гирифт, ки Михаил, шавҳари Елена ҳамсари худро ба хиёнат муттаҳам карда, иддао мекунад, ӯ падари фарзандаш нест. Дар ҳоле ки ин зани рус иддаои шавҳарашро рад карда, ӯро қонеъ карданӣ мешавад, ки ӯ падари фарзандаш мебошад.
Масъулони барномаи “Пусть говорят” ин қазияро мавриди пажуҳиш қарор дода, бо гузаронидани се ташхиси тиббии ДНК муайян менамоянд, ки воқеан Михаил падари фарзанди Елена нест. Бар асоси ташхисҳои тиббии мазкур, Саид Шарифов, шаҳрванди Тоҷикистон, ки синнаш аз 42 болост, падари ин тифл мебошад.