Қатори ҳомили аскарони маҷрӯҳи тоҷик аз Узбакистон ба Суғд расид
Як қатор (поезд)-и Узбакистон беш аз 200 сарбози тоҷикро, ки дар миёнашон 37 нафари маҷруҳ низ будааст, соати 22:10-и даҳуми октябр ба истгоҳи ноҳияи Спитамени вилояти Суғд расонд. Ин гуруҳи сарбозон, ки субҳи 10 октябр бо қатори Тоҷикистон аз Душанбе ба сӯи Хуҷанд равон буданд, дар вилояти Ҷиззахи Узбакистон ба садама дучор шуданд.
Ба қабули сарбозон дар истгоҳи Спитамен масъулони ҳукумати Суғд, даҳҳо аскару афсар ва табибон омада буданд. Хабарнигори "Озодагон" аз истгоҳи Спитамен хабар дод, ки дарҳол мошинҳои Ёрии таъҷилӣ аскарони маҷруҳро ба бемористонҳои наздиктарин бурдаанд. Ба қавли мақомоти Суғд, аз Ҷиззах ба Спитамен 16 вагон омадааст, ки дар 15 вагони он наваскарон буда, танҳо дар якеи он сарбозоне ҳастанд, ки хидматро ба анҷом расонидаанд.
Аммо хабарнигори "Озодагон" мегӯяд, низомиён монеи аксбардорӣ ва аз наздик сӯҳбат кардани онҳо бо аскарон шудаанд. Онҳо гуфтаанд, аз "боло" амр шудааст, ки аз ин лаҳзаҳо касе аксу видео нагирад.
Мамадюсуф Абдураҳмонов, сардори Хадамоти мусофирбарии ширкати Роҳи оҳан, дар сӯҳбат ба “Озодагон” гуфта буд, чун қатори Тоҷикистон дар қаламрави Узбакистон ба садама дучор омадааст, Тошканд вазифадор шудааст, ки сарбозони тоҷикро то Спитамен расонад. Ба қалви ӯ, “тибқи асноди дуҷониба дар ҳолати ба садама дучор шудани қатор, дар назар гирифта мешавад, ки он дар ҳудуди кадом кишвар иттифоқ афтодааст. Дар сурати мушаххас шудан, мусофиронро масъулини мақомоти дахлдори ҳамон кишвар ба ҷои лозимӣ мефиристанд.”
Абдураҳмонов гуфт, қабл аз ҳаракат кардан қатори самти Душанбе-Конибодомро масъулон ташхис карда буданд, ки он ҳеч мушкиле надошт. Номбурда тахмин мезанад, садамаи мазкур бо мушкилоти фаннии роҳи оҳани кишвари ҳамсоя рух додааст.
Ширкати Роҳи оҳани Тоҷикистон инчунин як гуруҳи кориро барои таҳқиқи садамаи қатори Душанбе-Конибодом, ки рӯзи 10 октябр дар вилояти Ҷиззах иттифоқ афтод, ба Узбакистон фиристодааст. Вазорати дифои Тоҷикистон ҳам мегӯяд, дар садамаи қаторе, ки аз Душанбе ба Хуҷанд ҳаракат мекарду дар Узбакистон ба садама дучор шуд, 33 нафар ҷароҳат бардоштаанд.
Бахтиёр Бозоров, як масъули Вазорати дифоъ дар суҳбат бо “Озодагон” гуфт: “Дар садамаи қаторе, ки субҳи 10-уми октябр аз самти Душанбе ба Хуҷанд ҳаракат мекард, 33 даъватшаванда ҷароҳати сабуки ҷисмонӣ гирифтаанд.” Ба иттилои манбаъ, дар дохили қатор беш аз 200 даъватшаванда ва инчунин афсароне, ки наваскаронро ҳамроҳӣ мекарданд ба садама дучор шудаанд.