“Гранд Отел” ҳам аз Раҳматилло Зоиров “рӯ гардонд”
Масъулони “Гранд Отел”, яке аз меҳмонхонаҳои маъруфи Душанбе, ки қаблан барои баргузории Анҷумани сотсиал-демократҳо ризоият дода буданд, “аз қавлашон гаштаанд”.
Раҳматилло Зоиров, раиси Ҳизби сотсиал-демократ (ҲСДТ), гуфт, қарор буд, анҷумани онҳо рӯзи 12 октябр дар толори “Гранд Отел” баргузор шавад, “аммо ҳоло саркашӣ мекунанд”. Вале Зоиров мегӯяд, ин охири кор нест. Ба қавли ӯ, маъмурияти “Гранд Отел” менеҷери ин меҳмонхонаро, ки бо ҲСДТ барои баргузории Анҷумани онҳо қарордод баста буд, низ аз кор рондаанд.
“Маъмурияти меҳмонхона аз посух ба саволҳо оид ба сабабҳои саркашӣ кардани худ худдорӣ мекунанд”,-афзуд Зоиров. Раҳбари сотсиал-демократҳо дар идома гуфт, “маълум мешавад, ҳукумат аз ваколату имкониятҳои худ сӯистифода карда, барои баргузор нагаштани анҷумани ҲСДТ монеа эҷод менамояд.”
Оқои Зоиров мегӯяд, дигар маҷбур аст, анҷумани пешазинтихоботиро дар толори хурди қароргоҳи ҳизбаш баргузор кунад. Вай гуфт, ба далели танг будани ҷо наметавонанд меҳмоннони зиёдеро даъват намоянд. “Аз ин рӯ, маҷбурем, танҳо намояндагони Кумисюни марказии интихобот ва Вазорати адлияро даъват кунему халос”,-таъкид кард ӯ.
Ҳизби сотсиал-демократ, ки ҳоло шомили Иттиҳоди нерӯҳои ислоҳотхоҳи Тоҷикистон аст, аз номзади ягонаи ин эътилоф Ойниҳол Бобоназарова пуштибонӣ мекунад. Хонум Бобоназарова, ки дар гузашта дар Бунёди Сорос ва Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо кор кардааст, дар оғози моҳи сентябри соли ҷорӣ ба ҳайси номзади ягонаи ислоҳотхоҳон муаррифӣ шуд.