Содатар шудани мулоқот бо маҳбусони якумрӣ
Рустам Менглиев, вазири адлияи Тоҷикистон, гуфт, аз ин ба баъд мулоқоти дарозмуддати маҳбусони якумрӣ дар як сол ду бор ва он ҳам серӯзӣ доир хоҳад шуд.
Аммо, ба қавли ӯ, ин фурсатро бештар он маҳбусоне истифода хоҳанд кард, ки рафтори хубу намунавӣ доранд. Қаблан, маҳбусони якумрӣ танҳо дар як сол як бор ҳаққи дидорбинӣ бо наздикону пайвандонашонро доштанд.
Вазири адлия ин ҳарфҳо рӯзи 10 октябр, дар замоне ки аъзои Маҷлиси Намояндагон 27 пешниҳоду ислоҳ ба қонун “Дар бораи иҷрои ҷазои ҷиноятӣ”-ро қабул карданд, рӯи забон овард. Вакилони парлумон гуфтанд, аз тарафи Вазорати адлия барои ислоҳи ин қонун 28 пешниҳод ироа шуда буд, ки аксари он дарёфти бастаҳову дидорбинӣ бо маҳбусони зиндонҳои Тоҷикистонро содатар мекунад.
Дар ҳоли ҳозир ба қавли мақомот панҷоҳ маҳбуси якумрӣ дар зиндонҳои Тоҷикистон нигаҳдорӣ мешаванд, ки аксари онҳо барои талоши сарнагунии сохти конститутсионӣ ва хиёнат ба ватан маҳкум шудаанд. Чанд соли пеш ҳукми қатл дар Тоҷикистон ба ҳабси якумрӣ иваз шуда буд.
Рустам Менглиев, вазири адлияи Тоҷикистон, дар робита ба дастрас нашудани бастаҳо ба маҳбусон ва гӯиё доир шудани мулоқоти онҳо бо хонаводаашон бар ивази пул ҳам дар парлумон сухан гуфт. Вале ӯ афзуд, ҳарчанд дар ин бора сарусадо зиёд аст, вале онҳо натавонистаанд чунин ҳолатро ошкор намоянд.