Варзишгарони тоҷик аз ҳисоби Белгия дар Бозиҳои параолимпии Аврупо-2014 ширкат мекунанд
Ҳукумати Белгия тамоми хараҷоти марбут ба ширкати тими Тоҷикистон дар Бозиҳои тобистонаи олимпии Аврупо барои одамони имконияташон маҳдудро бар ӯҳда мегирад. Дар ин бора вазири умури хориҷии ин кишвар хабар додаст.
Диде Рейндерс ин ҳарфҳоро дар ҷаласае дар Брюсел дар ҳузури Рустамҷон Солиев, сафири Тоҷикистон дар Белгия, изҳор доштааст.
“Ҳадаф аз баргузории ҷаласа баррасии ҷанбаҳои ташкилии олимпиадаи Аврупо-2014 барои одамони имконияташон маҳдуд будааст. Зикр шудааст, ки дар сабқатҳо аз рӯи 10 намуди қувваозмоӣ намояндаҳои 58 кишвари ҷаҳон ширкат меварзанд”,- навиштааст ca-news.
Дар ин ҷаласа гуфта шудааст, ки “ҳайати тими Тоҷикистон аз 15 варзишгар иборат буда ва тамоми хароҷоти онҳоро ҷиҳати ширкат дар мусобиқа Белгия бар ӯҳда мегирад”.
Сафири Тоҷикистон барои даъват ва дастгирӣ ба Диде Рейндерс, вазири умури хориҷии Белгия ва раҳбарияти кумитаи тадорукоти Бозиҳои параолимпӣ изҳори сипос кардааст.
Бозиҳои тобистонаи параолимпии Аврупо-2014 аз 9 то 20-уми сентябри соли 2014 дар Антверпени Белгия баргузор мешавад.