Пулис ҷузъиёти роҳзании хонаи Дости Бурутро ифшо кард
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон бо иттиҳоми роҳзанӣ ва ғорати хонаи Дӯстмород Ҳакимов, маъруф бо лақаби Дости Бурут ва аз чеҳраҳои шинохтаи Файзобод, панҷ ҷавонро боздошт намудааст.
Ин афрод -- Барзу Ҳакимов (соли таваллуд 1987), сокини ноҳияи Рӯдакӣ ва Фирӯз Шарифов (соли таваллуд 1993), Муҳаммад Умаров (соли таваллуд 1973), Санҷимурод Худойбердиев (соли таваллуд 1970), Комилҷони Сайфиддинзода (соли таваллуд 1991) сокинони ноҳияи Файзобод мебошанд. Ба иттилои манбаъ, “шаби 8 ба 9-уми октябр Барзу Ҳакимов бо ҳаммаслаконаш, ки ду нафари онҳо -- Маҳмад ва Абдулло ҳанӯз дастгир нашудаанд, занг зада, дар шаҳри Ваҳдат вомехӯранд. Онҳо маслиҳат намуда, нақшаи роҳзанӣ ба хонаи истиқоматии шаҳрванд Достмурод Ҳакимов, сокини ноҳияи Файзободро тарҳрезӣ кардаанд.”
Манбаъ мегӯяд, “онҳо бо таппончаи бозичагӣ ва кордҳо мусаллаҳ гашта, дар автомашинаи «Нексия» ба самти ноҳияи Файзобод ҳаракат намудаанд. Бо дастуру пешниҳоди Барзу Ҳакимов соати 01:00 (9 октябр) ниқобу дастпӯшакҳои сохтмониро пӯшида, Фирӯз Шарифовро ҳамчун назоратчӣ дар паси дар гузошта, боқимонда ҷинояткорон аз кушода будани дари истиқоматӣ истифода кардаву ба хонаи Достмурод Ҳакимов ворид гаштаанд.”
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон мегӯяд, боздоштшудагон бо мақсади тасарруфи молу мулки Достмурод Ҳакимов вориди ҷои хоби ӯ гашта, аз кисаи костюмаш 1700 сомонӣ ва аз дастони завҷааш – Гулсун Ҳакимова ду ангуштарӣ ва як дастпонаи тиллоиро гирифтаанд. Ба қавли манбаъ, ин афрод инчунин Абдулҳақ, набераи 16-солаи Достмурод Ҳакимовро зери мушту лагад қарор додаанд.
Аммо дар ҳамин ҳол, ба иттилои ВКД, аз ин ҳодиса кормандони милиса хабардор шуда, фавран Фирӯз Шарифовро дар ҷойи ҳодиса ва боқимонда ҳаммаслаконашро ҳангоми гурехтанашон дастгир намуданд: “Аз онҳо 1 ангуштарӣ, 1 корд, 1 бастаи скоч, 1 ҷуфт дастпӯшакҳои сохтмонӣ ва автомашинаи тамғаи «Нексия», рақами давлатиаш 24-37 АР 02 РТ, ҳамчун далели шайъӣ гирифта шудааст.”
ВКД мегӯяд, алайҳи боздоштшудагон, парвандаи ҷиноӣ оғоз шуда, тафтишот идома дорад. Дости Бурут падари Меъроҷиддин Ҳакимов, узви Маҷлиси Намояндагони Тоҷикистон буда, яке аз тоҷирони муваффақи кишвар дониста мешавад. Ӯ дар деҳаи Мулло Туғмаи Файзобод, тақрибан се километр дуртар аз маркази Файзобод зиндагӣ мекунад.