Давлаталӣ Сайидов: Саҳмияҳои 5 ҷамъияти саҳҳомӣ фурӯхта шудаанд
Дар нимсолаи аввали соли равон аз ҳисоби хусусигардонӣ ва истифодаи моликияти давлатӣ 12, 8 миллион сомонӣ ба буҷаи ҷумҳуриявӣ ворид гардидааст.
Тибқи иттиллои маркази матбуотии кумитаи сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, дар ин самт маблағи умумии ба буҷаи маҳаллӣ ва ҷумҳуриявӣ воридгардида 17, 2 миллион сомониро ташкил медиҳад. Давлаталӣ Сайидов, райиси кумитаи сармоягзорӣ ва идораи амволи давлатӣ дар робита ба ин иброз намуд, ки имсол оид ба фурўши моликияти ҷумҳуриявӣ 33 -музояда ва 1- тендери сармоягузорӣ сурат пазируфт. Номбурда қайд намуд, ки дар ин давра саҳмияҳои 5 ҷамъияти саҳҳомӣ, 31 иншоотҳои ғайриманқул ва 50 адад воситаҳои нақлиётӣ фурўхта шудаанд.{jathumbnail off}