Сафири Эрон баъд аз 6 сол Тоҷикистонро тарк мекунад
Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси Маҷлиси Миллии Тоҷикистон, Алиасғари Шеърдӯст -- сафири Эрон дар Душанберо ба далели анҷоми ваколатҳои сафирияш ва бо хоҳиши худи ӯ ба ҳузур пазируфтааст. Шавкат Саидов, ёвари раиси Маҷлиси Миллӣ, ба “Озодагон” гуфт, Убайдуллоев ба Шеърдӯст барои фаъолияти пурсамар дар иҷрои вазифаи пурмасъулияти дипломатӣ ва саҳми ӯ ба тавсеаёбии муносибатҳои миёни ҳар ду кишвар изҳори сипос кардааст.
Убайдуллоев гуфтааст, Тоҷикистону Эрон ду кишвари ҳамзабону ҳамфарҳанг дорои пайвандҳои ногусастании таърихӣ ва анъанаҳои устувори дӯстию бародарӣ мебошанд ва ин арзишҳо бо мусоидати Шеърдӯст таҳким ёфтаанд. Оқои Шеърдӯст ҳам дар навбати худ аз ҳамкории судманд бо Маҷлиси Миллии Тоҷикистон миннатдорӣ карда, гуфтааст, минбаъд низ равобит байни парлумонҳо ба нафъи мардуми ҳарду кишвар дар роҳи фароҳам овардани заминаҳои ҳуқуқӣ хидмат хоҳад кард.
Алиасғари Шеърдӯст аз соли 2007 ба ин тараф сафири Эрон дар Тоҷикистон мебошад. Қаблан расонаҳо гуфта буданд, бо вуҷуди он ки аз маъмурияти ӯ шаш сол сипарӣ мешавад, вай зоиҳран қасди вогузор кардани ин мақом ба шахси дигарро надорад. Дар асл маъмурияти Алиасғари Шеърдӯст ҳанӯз соли 2010 поён ёфта, вале ӯ муҳлати сафирияш дар Тоҷикистонро тамдид карда буд.
Оқои Шеърдӯст дар тӯли сафирияш дар Тоҷикистон баландтарин ҷоизаи адабӣ - "Рӯдакӣ"-ро барои китоби "Чашмандози шеъри имрӯзи Тоҷикистон" дарёфт карда, соли 2010 ба узвияти хориҷии Академияи улуми Тоҷикистон ҳам пазируфта шудааст.