ВИДЕО: КМИР номзадии Эмомалӣ Раҳмонро тасдиқ кард
Комиссюни марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон (КМИРТ) бо аризаи шахсии Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури феълии Тоҷикистон, ӯро ҳамчун номзад ба интихоботи президентии моҳи ноябри соли 2013 сабт кардааст.
Шермуҳаммади Шоҳиён, раиси КМИР, имрӯз, 9-уми октябр, дар Душанбе иттилоъ дод, ки бо қарори анҷуманҳои Иттифоқи касаба, ҷавонон, Ҳизби халқӣ демократӣ ва аризаи шахсии Эмомалӣ Раҳмон дар мавриди ризояташ барои президентии дигарбора, КМИР расман номзадии Раҳмонро сабт намуд. Ба иттилои Шоҳиён ба тарафдории Эмомалӣ Раҳмон 222 ҳазору 906 имзо ба КМИР пешниҳод шуд, ки аз ин 9-тояш лағв гардид, зеро соҳибони имзоҳо ҳанӯз ба синни 18 нарасидаанд. Раиси КМИР афзуд, ки инчунин 15 шахси боэътимоди Эмомалӣ Раҳмонро сабт кардаанд.
Дар мавриди аҳзоби дигар Шоҳиён гуфт, айни ҳол аҳзоби коммунистӣ, демократӣ, сотсиалистӣ, аграрӣ ва ислоҳоти иқтисодӣ аллакай теъдоди зарурии имзоҳоро пешниҳод кардаанд ва айни ҳол аз ҷониби Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон мавриди омӯзиш қарор доранд.
Ин дар ҳолест, ки ба ҷуз Ойниҳол Бобоназарова, номзад аз Иттиҳоди нерӯҳои ислоҳотхоҳи Тоҷикистон, муддаиёни дигари курсии президентӣ дар суҳбат бо “Озодагон” аз ҷамъоварии 210 ҳазор имзои зарурӣ барои пешбарии номзадияшон хабар доданд. КМИР муҳлати охирини ҷамъоварии имзоҳо ба тарафдории номзадҳоро соати 18:00-и рӯзи 10-уми октябр муайян намуд.