Шӯрои уламо аз ҳар масҷиди ҷомеъ 600 сомонӣ “идӣ” мехоҳад
Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон рӯзи 9-уми октябр дар ҷаласаи худ қарор кардааст, ки масоҷиди ҷомеъ аз ҳисоби маблағҳои ҷамъоваришуда дар намози Иди Қурбон 600 сомонӣ ба хазинаи Маркази исломӣ бисупоранд. Дар қарор гуфта шудааст, ин миқдор маблағ ҳаққи аъзогии масҷидҳои ҷомеъст, на чизи дигар.
Шӯрои уламои Маркази исломӣ, танҳо ниҳоди содиркунандаи фатво дар Тоҷикистон, дар ин ҷаласаи худ Иди Қурбонро рӯзи сешанбеи 15 октбяр мушаххас кардааст. “Намози ид дар тамоми масоҷиди ҷомеи Тоҷикистон соати 7:30 оғоз меёбад”,-омаааст дар қарор.
Шӯрои уламо дар идома имомхатибонро вазифадор кардааст, ки фазилатҳои Иди Қурбонро ба мардум шарҳ дода, худашон дар хайру саховат намунаи ибрати дигарон бошанд. Инчунин, аз мардуми Тоҷикистон даъват шудааст, ки дар рӯзи таҷлили Иди Қурбон ба исрофкорӣ роҳ надиҳанду сириштакориро пеша намоянд.
Иди Қурбон яке аз ду иди бузурги мусалмонони ҷаҳон мебошад, ки он ҳамасола рӯзи 10-уми Зулҳиҷҷа пас аз 2 моҳу 10 рӯзи Иди Фитр таҷлил карда мешавад. Дар Тоҷикистон низ баъд аз солҳои наввадуми қарни гузашта дар шакли расмӣ аз он истиқбол шуда, дар ин рӯз дари ҳамаи коргоҳҳо баста ва ин рӯз истироҳат эълон мешавад. Мардуми доро одатан дар ин рӯз, бар асоси расму ойини мазҳабии худ, гӯсфанд ё говеро қурбонӣ намуда, шахсиятҳои гирду атрофи камбизоати худро низ аз гӯшти он бенасиб намегузоранд.