Президент роҳи таъмини тартибот дар Бадахшонро нишон дод (АКС)
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, имрӯз, 9-уми октябр дар доираи сафари кории серӯзааш ба Бадахшон, аз ноҳияи Шуғнон дидан карда, дар ифтитоҳи бинои нави комиссариати ҳарбӣ ва додситонии ноҳия иштирок кард.
Тавре Абдуфаттоҳ Шарифзода, сухангӯи раисиҷумҳури Тоҷикистон, ба “Озодагон” иттилоъ дод, дар маросими ифтитоҳи бинои додситонӣ Эмомалӣ Раҳмон ба масъалаи таъмини тартиботу низом дар вилоят дахл карда, дар муроҷиат ба кормандони додситонӣ таъкид намуд: “Агар хоҳед, ки дар ҷомеа тартибу низом ва адолат бошад, пеш аз ҳама худатон бояд содиқона ва софдилона хизмат кунед.”
Инчунин ба иттилои Шарифзода раисиҷумҳури Тоҷикистон аз дидбонгоҳи сарҳадии “Тишор” дидан карда, хостори беҳбуди шароити хидмати низомиён шуд. Раисиҷумҳур таъкид намудааст, ки дар ғизои марзбонон ҳатман шакар, маска ва творог бошад.
Баробари ин Эмомалӣ Раҳмон, дар гузоштани санги асоси бинои 5-ошёнаи бисёрҳуҷрагӣ дар шаҳраки Ваҳдати ноҳияи Шуғнон иштирок кардааст. Сафари Эмомалӣ Раҳмон дар Бадахшон идома дорад.