Узбакистон аз Иди Қурбон 15-уми октябр ҷашн мегирад
Ислом Каримов, президенти Узбакистон бо тасвиби амре 15-уми октябрро рӯзи таҷлил аз Иди Қурбон ва рӯзи истироҳат эълон кардааст.
Шабакаҳои телевизион, хабаргузориҳо ва дигар ВАО-и Узбакистон муваззаф шудаанд, чорабиниҳои марбут ба ин идро ба таври васеъ инъикос намоянд.
Иди Қурбон, яке аз ду иди бузурги мусалмонони ҷаҳон мебошад, ки он ҳамасола рӯзи 10-уми Зулҳиҷҷа пас аз 2 моҳу 10 рӯзи Иди Фитр таҷлил карда мешавад. Мардуми доро одатан дар ин рӯз, бар асоси расму ойини мазҳабии худ, гӯсфанд ё говеро қурбонӣ намуда, шахсиятҳои гирду атрофи камбизоати худро низ аз гӯшти он бенасиб намегузоранд.