Қатъи фаъолияти 6 ширкати ҳавопаймоӣ дар Қазоқистон
Дар Қазоқистон муваққатан фаъолияти шаш ширкати ҳавопаймоӣ манъ карда шудааст.
Ба иттилои расонаҳои қазоқӣ, Вазорати нақлиёт ва коммуникатсияи Қазоқистон ширкатҳои ҳавопаймоии "МЕГА", "Евро-Азия Эйр Интернейшнл", “ Samal Air”, "Азия Континентал Эйрлайнс" ва "КазЭйр Вест"-и ин кишварро аз ҳаққи мусофиркашонӣ маҳрум кард.
Ин ниҳод мегӯяд, ҳангоми гузаронидани корҳои назоратӣ дар ҳуҷҷатнигорӣ ва фаъолияти ин ширкатҳо камбуд дида шудааст.
Вазорати нақлиёт ва коммуникатсияи Қазоқистон гуфтааст, то мушкилҳои мавҷуда бартараф нашаванд, ҳавопаймоҳои ширкатҳои мазкур ҳаққи мусофиркашониро надоранд.